Дар хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода 280 сар оҳуи холдор парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани саршумори оҳу дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода корҳо барои васеъ намудани ҳудуди парваришгоҳ идома ёфта, иловатан майдони 100 гектар замин ба талабот мутобиқ гардонда шуд. Ин иттилоъ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дирўз, 31 январ дарёфт гардид.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ҳоло дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ» дар майдони 550 га қитъаи замин зиёда аз 280 сар оҳуи холдор парвариш карда мешавад.
«Инчунин дар парваришгоҳи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби ширкати ҶДММ «Суғд-Таъминот» аввали моҳи декабри соли гузашта 30 сар оҳуи лан, 12 сар муфлон аз парваришгоҳи «Белый Бор»-и вилояти Минскии Ҷумҳурии Беларус оварда шуданд. Онҳо ба мавзеи зебоманзари Хурамдараи ҷангалзори ноҳияи Шаҳристон дар парваришгоҳи навташкил сар дода шуда, ба шароити иқлими минтақа мутобиқ гардонида мешаванд», -тазаккур доданд масъулин.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2020 барои зиёд намудани саршумори оҳу дар майдони 1154 гектар замин илова шуда, дар оянда нақша ҳаст, ки саршумори оҳуи холдор боз ҳам зиёд карда шавад.
Тибқи иттилои масъулин, оҳуи холдорро ба Тоҷикистон солҳои 70-ум аз Федератсияи Русия бо мақсади истеҳсоли доруи пантокрин ворид намуда, парвариши онро ба роҳ монда буданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






