Дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон ба маблағи 12,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд

Февраль 17, 2023 08:48

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои мамлакат ба маблағи 12,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба соли 2021 65,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 29,1 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додааст. Дар ин хусус 16 феврал зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ТВЕА «Душанбе саноати кӯҳӣ, «Апрелевка», «Тиллои Тоҷик», «Дастрас-2011» ва «Назирӣ» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳоро нисбат ба соли 2021 барзиёд иҷро намуданд. Барои зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат, ташкили ҷойҳои кории нав ва амалӣ намудани «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа зиёда аз 15,1 миллиард сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи мамлакат 10,9 миллиард сомониро ташкил намуд.

«Бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии рушди саноати кӯҳию металлургӣ, азхудкунии конҳои металлҳои ранга ва сиёҳ, истихроҷу коркарди онҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» қабул карда шуда, иҷрои он 112,5 фоиз таъмин гардид»,-иброз гардид дар нишаст.

Масъулин изҳор доштанд, ки соли сипаригардида бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд» баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон дар ин раванд ба истифода додани фабрикаи бойгардонӣ ва иншооти ёрирасони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» дар заминаи конҳои тилло ва сурмаи «Кончоч» «Скалное» ва «Чулбоӣ» ва дар заминаи конҳои тиллои «Кумарғи Боло» ва «Дуобаи Шарқӣ»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» коргоҳи поксозии тилло мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз дастовардҳо корхонаи «Зарафшон», «Пакрут», «Заринк» ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тилло, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин» ба хокаи бойгардонидашудаи руҳу мис ва корхонаи «КМ Анзоб» ба хокаи сурма роҳ додаанд.

Гуфта шуд, ки ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» соли 2017 сохтмони заводи металлургии истеҳсоли сурби металлиро мавриди истифода қарор дода, то ҳол ҳамагӣ 2,8 фоизи иқтидори лоиҳавии онро истифода намудааст. Соли гузашта корхонаҳои соҳа 3,6 миллиард сомонӣ андозҳои гуногун пардохт намудаанд, ки 1,6 миллиард сомонӣ танҳо ба корхонаи «Зарафшон» рост меояд.

Интизор меравад, ки бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар мамлакат ба 13,5 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 17, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»