Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 200 гармхонаи хурду калон мавҷуд аст

Февраль 10, 2023 09:21

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зиёда аз 200 гармхонаи хурду калон мавҷуд буда, дар онҳо асосан сабзавот, лиму ва гул парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои доимӣ ва дар доираи таъмини иҷрои дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳсон оид ба истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар ноҳия бунёди гархонаҳои инноватсионӣ низ вусъат меёбад. Аз ҷумла соли гузашта дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» як гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти «Евро 6», ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ низ гармхонаҳои хурду калон бунёд намуда, бо истифода аз роҳу усулҳои пешрафта ва таҷрибаи озмудашудаи деҳқонони номдор, зироати гуногуни кишоварзиро кишту парвариш менамоянд.

Сокинонони деҳоти Хистеварзи ноҳия Муҳаммад Ибодуллоев ва Рустам Аҳмадов, ки дар истифодаи замини корам таҷрибаи шоиста доранд, бо бунёди 6 гармхонаи доимоамалкунанда дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳами назаррас мегузоранд. Масоҳати кишти гармхонаҳои онҳо ҳамагӣ 24 садяк заминро ташкил медиҳад.


Муҳаммад Ибодуллоев ва Рустам Аҳмадов бо аъзои оилаи худ дар ин гармхонаҳо асосан парвариши сабзавот, аз қабили помидору бодиринг, карам, кабудӣ ва шалғам, инчунин кабудиҳоро ба роҳ монда, дар як сол 4-5 маротиба ҳосил мегиранд. Соли гузашта ин ду сокини ноҳия дар шароити гармхона 10 тонна бодиринг истеҳсол намуданд.

Ҳамчунин соли гузашта дар 0,50 гектар замини кушод, ки дар ихтиёри онҳо вогузор гардидааст, кишту парвариши карам ва бодиринг ба роҳ монда шуд. Аз масоҳати зикршуда хоҷагидорон 20 тонна бодиринг ва 40 тонна карам ҷамъоварӣ намуда, дар бозори марказии ноҳия, ки барои онҳо гӯшаи алоҳида ҷудо карда шудааст, бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд.

Ҳоло хоҷагидорон ба шинонидани кӯчати ниҳоли бодиринг дар гармхонаҳо омодагӣ мегиранд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷамоати деҳоти Унҷӣ низ макони асосии истеҳсоли сабзавот, аз ҷумла помидору бодиринг, пиёзи кабуд, кашничу шибит ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Аксари сокинони деҳа дар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ, инчунин дар зери плёнка дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва авали баҳор, шалғам, сирпиёз ва кабудӣ парвариш мекунанд ва баъдан дар ҷойи онҳо кишти дигар намуди зироат, аз қабили бодирингу помидор, булғорӣ ва боимҷонро ба роҳ мемонанд.


Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар маҷмӯъ 38 гармхонаи доимоамалкунанда мавҷуд аст. Ҳамчунин зиёда аз 50 гармхонаи мавсимӣ дар заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоат бунёд карда шудааст. Ин тадбири муҳими сокинон намунаи олии иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зеро дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои истеҳсоли маҳсулот дар шароити гармхона имконият бештар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2023 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд