Дар ноҳияи Шуғнон бар асари тарма як нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал, соати 15:30, дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон тарма фаромад, ки дар натиҷа сокини ноболиғи ҳамин деҳа, соли таваллудаш 2007 ба ҳалокат расид. Ҷасади ноболиғ аллакай бароварда шуда, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар роҳи мошингарди самти Хоруғ-Роштқалъа дар се мавзеъ тармаҳои калонҳаҷм фаромад ва тозакунии онҳо идома дошта, айни замон ҳаракати нақлиёт қатъ гардидааст.
Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ситоди доимамалкунанда фаъолият намуда истодааст.
Ҳамчунин нимаи дуюми 16 феврал Раиси вилоят бо мақсади шинос шудан бо вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани таъзияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи фавтида ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуд.
Раиси вилоят дар деҳаи Ҷарши Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи мазкур ба хонаи оилаи Тутишоевҳо, ки бар асари тармафуроӣ дар шаҳри Хоруғ фарзандашон ҳалок шуд, рафта, аз номи Сарвари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамдардӣ баён намуд. Инчунин ба ин оила аз номи роҳбарияти олии мамлакат кумаки яквақтаи моддӣ дар намуди маҳсулоти озуқаворӣ расонида шуд.
Инчунин дар ин рӯз гурўҳи масъул бо вазъи воқеии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа, ки бар асари тарма зарар дидааст, шинос гардиданд.
Ба масъулини соҳаи маорифи ноҳия дастур дода шуд, ки бо мақсади аз хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштани хонандагону омӯзгорон дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар мавзеъҳои хатарнок ҷойгиранд, дарсҳо муваққатан қатъ карда шаванд.


Ёдовар мешавем, ки 15 феврал бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали якчанд вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
Аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрокворӣ, либосҳои гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.
Таъкид бояд кард, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






