Дар Тоҷикистон шумораи нашъамандон нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфт

Февраль 3, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори расмӣ, 4381  нафар нашъамандон ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (4749 нафар) 368 нафар ё 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 101 (2021-107) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2021 6 нафар кам шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ 70 дарсади маводи мухаддири мусодирашударо ҳашиш ташкил медиҳад. Илова бар ин, коҳиши мусодираи героин мушоҳида мешавад, агар соли 2021  251 кг героин мусодира шуда бошад, соли 2022 ин рақам ба зиёда 139 кг баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, мусодираи афюн соли 2022  30 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 4 тоннаю 169 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2021 (4 т 83 кг 274 г) 83 килограмму 105 грамм кам аст.

Директори Агентӣ иброз дошт, ки соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 520 кг 530 гр (2021-357 кг 638 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳаҷми маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2021  162 кг 892 гр ё 45,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра 5 кг 303 гр моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд.

Илова бар ин Агентӣ фаъолияти 37 (2021-47) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 89 (2021-107) нафар ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 6 нафар ошкор ва дастгир намуд.

Ҳамзамон Агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ду амалиёти муштарак гузаронид, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 3 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 3, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад