Дар вилояти Хатлон 3740 нафар барои риоя накардани талаботи қонунгузории ҷангал ҷарима карда шуданд

Февраль 6, 2023 20:09

БОХТАР, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли равон дар вилояти Хатлон 917 санади риоя нагардидани талаботи қонунгузории ҷангал ба маблағи 313 069 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи рӯёнидашуда ба буҷети хоҷагӣ ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон хабар доданд.

Давоми соли сипаришуда аз ҷониби нозирони хоҷагии ҷангал 520 ҳолати худсарона буридани дарахтон, 150 ҳолати худсарона чаронидани чорво, 196 ҳолати худсарона ҷамъ овардани маҳсулоти ҷангал, 26 ҳодисаи шикори ғайриқонунӣ ва 25 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии дигар ошкор карда шуд.

Бо мақсади риоя кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар субъектҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 95 санҷиши нақшавӣ ва 3584 санҷиши назоратӣ гузаронида шуд.

Ба субъектҳои хоҷагидорӣ 6474 огоҳинома ба таври хаттӣ пешниҳод карда шуд, ки 5301-тои он ба ислоҳи ҳатмӣ оид ба камбудиҳо нигаронида шудааст.

Аз ҷумла, дар вилоят барои вайрон кардани талаботи низомнома, дастуру қонунҳо 3679 санад ва 3740 протокол тартиб дода шуданд. Аз 3740 нафар дар асоси қарорҳо ба маблағи 646 420 сомонӣ ҷарима ситонида шуд, ки 628 650 сомонии он барои расонидани таъсири манфӣ ба табиат мебошад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2023 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад