Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking-2022 соҳиби ҷойи 4-ум гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022, ки 8 октябри соли 2022 натиҷаҳои он дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид, соҳиби ҷойи 4-ум ва соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода 31 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2022 ҳамчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи илмиву таълимӣ дар байни 34 муассисаи олии таълимӣ мақоми аввалро касб кард.
Ин раддабандӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии Тоҷикистон аст. Ҳоло ин донишгоҳ 14 факултет ва 125 кафедра дорад. 1334 нафар омӯзгор, аз ҷумла 12 академик, 13 узви вобастаи АМИТ, 192 доктори илм, профессор, 649 номзади илм ва дотсентон ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 787 нафар аст.
Инчунин дар нишасти матбуотӣ иброз карда шуд, ки соли сипаригашта бо ибтикори раёсати Донишгоҳ Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, Студияи таълимии радиои факултети журналистика рӯи мавҷи алоҳида дар диапазони 90,5 FM бо унвони “Садои Донишгоҳи миллӣ”, Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, лабораторияи илмӣ дар факултети химия, таъсиси филиали китобхонаи илмӣ дар “Шаҳраки донишҷӯён”, ба истифода додани амфитеатр ва майдончаи варзишӣ дар саҳни бинои Конфутсий ва таҷдиди Маркази русӣ сурат гирифт.
Ҳар кадоми ин озмоишгоҳу марказҳо барои истифодаи самараноки устодону донишҷӯён дар раванди машғулияти дарсӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






