Дороиҳои «Амонатбонк» 42,8 фоиз афзоиш ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва тақвияти хизматрасониҳои ғайринақдӣ 683 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 372 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро ба роҳ монда, 822 адад QR –рамз ва 656 постерминалҳоро дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст. Дар ин хусус роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Тавре гуфта шуд, кормандони «Амонатбонк», ки шумораи умумиашон қариб се ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 784 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беш аз 1,8 миллион нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ хизмат расонидаанд.
Соли гузашта дороиҳои бонк 6,3 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 5,6 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 42,8% ва 45,4 % зиёд мебошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки сармояи «Амонатбонк» ба 720,5 миллион сомонӣ расида, дар муқоиса бо соли 2021 25,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи бонк 101,6 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2021 53,5 фоиз зиёд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






