ФАВРӢ! Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия 2 нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд

Февраль 11, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия 2 нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери сангу бетону хок онҳоро пайдо карда, пас аз бартараф намудани монеаҳо тифли шашмоҳа ва падарашро берун бароварданд.

Ин ду нафар зери харобаҳо муддати 6 рӯз қарор доштанд ва пас аз наҷот ёфтан ба беморхона интиқол дода шуданд.

Ба ҳолати соати 14:00-и 11 феврал бо вақти Туркия, наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз зери харобаҳои хонаҳои истиқоматӣ 23 ҷасадро низ берун оварданд.

Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия идома дорад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад