Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе Маркази мониторинги бо кор таъмин намудани хатмкунандагонро таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъсиси Маркази мониторинги бо кор таъмин намудани хатмкунандагон ба нақша гирифта шудааст, чунин иттилоъ дод Директори филиали Донишгоҳи мазкур Рустам Ғаниев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022.
Ба гуфти мавсуф, соли 2022 як лоиҳаи байналмилалӣ дар асоси барномаи Эразмус+ (барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба маориф, касбомӯзӣ, ҷавонон ва варзиш) амалӣ гардид. Ҳадафи он фаъолгардонии усулҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкории донишҷӯён бо роҳи ташкили шароит барои вусъат додани имконияти бо кор таъмин шудани хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар филиал 34 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Соли гузашта байни филиали мазкур ва донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, ташкилоти тиҷоратии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Беларус 10 шартнома ба имзо расонида шуд.
Иброз гардид, ки яке аз вазифаҳои филиал дар доираи низоми таҳсилоти байналмилалӣ таълими забони русӣ мебошад. Аз соли 2014 инҷониб дар назди филиал Маркази локалии омодагӣ ва тестии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Шаҳрвандони хориҷӣ низ барои гирифтани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Руссия ба ин марказ муроҷиат мекунанд.
Соли сипаришуда аз тарафи Маркази локалии тестӣ 38 сессияи тестӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 210 нафар гузаштанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






