«Georgian Airways» моҳи апрел дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис роҳи ҳавоӣ боз менамояд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Georgian Airways» — ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон аввалин шуда, аз байни давлатҳои минтақаи Қафқоз тасмим гирифтааст аз Гурҷистон ба Тоҷикистон дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис шурӯъ аз моҳи апрели соли 2023 роҳи ҳавоӣ боз намояд. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти хабарӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода иттилоъ дод.
Дилшод Сафарзода гуфт, ки нисбат ба ин масъала моҳи феврал ҳайати намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Гурҷистон гуфтушунид менамоянд.
Ҳамзамон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат хабар дод, ки дар оянда байни Тоҷикистон ва Покистон, инчунин Арабистони Саудӣ парвозҳои мустақими ҳавоӣ ташкил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 29 декабри соли гузашта нахустин парвози ҳавопаймои ширкати кувайтии «Jazeera Airwaus» дар хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт ба роҳ монда шуд.
Ширкати кувайтии ҳавопаймоии «Jazeera Airwaus» дар як ҳафта ду парвозро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад, ки он дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, хусусан дар бахши иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»






