Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Рашт бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
РАШТ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ноҳияи Рашт ҳамроҳ бо намояндагони Шӯрои занони ноҳия, комиссариати ҳарбӣ ва Коллеҷи тиббӣ дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рашт бо шароити хизмати сарбозону афсарон шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар давоми рӯз зиёда аз 300 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва асосии ноҳия ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ба қисми низомии мазкур ташриф оварда, бо шароити хизмати ҳарбии сарбозону афсарон аз наздик шинос шуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки «ҳарчанд Артиши миллии мо 30 сол муқаддам дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии мамалакат таъсис ёфта бошад ҳам, вале дар партави таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои доимии Президенти мамлакат тадриҷан устувору қавӣ гардида, ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Бинобар ин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҷавонон бузургтарин мактаби зиндагӣ мебошад. Танҳо дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавонон имкон доранд моҳияти аслии мафҳумҳои Ватан, модар ва миллатро бо тамоми мазмун беҳтару шоистатар дарк намоянд».
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва осмони мусаффои мамлакат ҷавонони бонангу номуси мо бо амри дил ва ҳисси ватандӯстӣ ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидан омодагӣ мегиранд.
Намояндаи Шӯрои занони ноҳия гуфт, ки “Мо, модарони Раштонзамин кӯшиш менамоем, ки мунтазам аз ҳоли сарбозони қисмҳои низомии ноҳияи Рашт бохабар шуда, ҷашнҳои миллиро дар якҷоягӣ бо ин сарбозони шуҷои Ватан бо оростани дастурхони идона ва ташкил намудани барномаҳои консертӣ ҷашн мегирем”.
Донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сарбозони қисми низомӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, дастхобонӣ, турниккашӣ ва теннис доир намуданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






