ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА. Пешвои миллат ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Сурия кумак намуданд

Февраль 21, 2023 08:47

ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз маводи зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.

Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи  Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда шуд

Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Кумак бо дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, тавассути ҳавопаймоҳои махсус  ба Сурия фиристода шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 21, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон