«ИФФАТИ ЗАН». Таҳти ин унвон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир карда шуд

Февраль 19, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 19.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи «Барномаи рушди оила» бо иштироки занону духтарони фаъоли шаҳр таҳти унвони «Иффати зан» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки тоҷикон ба зебоии зан на аз рўи ҳусну ҷамолаш, балки аз доштани шарму ҳаё, иффату таҳаммулпазирӣ, маърифатнокӣ ва тарбиятгари фарзандони солеҳ буданаш баҳо медоданд.

Нотиқон таъкид намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши бонувон дар пешрафти ҷомеа барҳақ иброз доштанд, ки: «Мо, ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Дар ҳамоиш инчунин дар мавзӯъҳои «Занон дар илми муосир», «Пошхӯрии оилаҳо ва таҳлили сабабҳои он», «Этика ва эстетика» ва дигар масоили ба ин самт вобаста маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оила, тарбияи насли наврас ва ҷомеаи имрӯза мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 19, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд