«ҲИФЗИ ВАТАН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР АСАРҲОИ РАССОМОН». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони «Ҳифзи Ватан ва инъикоси он дар асарҳои рассомон» шурўъ гардид, ки он то 1 марти соли равон идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Дар намоиш зиёда аз 27 асарҳои беҳтарини рассомони Тоҷикистон, аз қабили офаридаҳои И.Лисиков «Симои комиссари милитсия Умаров А», А.Камелин «Сарбозон ба хона мераванд», У.Буртсев «Сарҳадбонон», С. Қурбонов «Подполковник Муродов фикр мекунад», Р. Абдурашидов «Дилсӯзӣ», А. Раҳимов «Аввалинҳо», А.Оқилов «Бозгашти аскар», З.Довутов «Симои сержант Копатилов А» ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва ҷоннисориҳои родмардон нисбат ба меҳани худ таҷассум ёфтаанд.
Дар ин рўз аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ дар толорҳои намоишии муассиса ба 300 нафар аскарону афсарон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Ба ин восита, дар асоси осори таърихӣ муҳиммияти ҳифзи марзи Ватан, таъмини амният ва осоиштагии сокинони мамлакат ба диққати онҳо расонида шуд.
17 феврал дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демокртии Тоҷикистон намоиши мазкур оғоз гардида, ба ин муносибат бо масъулини Осорхонаи миллӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дастоварде буд, ки ба музаффарияти давлат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш як зумра кормандони Осорхонаи миллӣ бо медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






