Кишоварзони Тоҷикистон соли 2023 дар майдони 186 ҳазор гектар чигит кишт менамоянд

Февраль 19, 2023 15:11

ДУШАНБЕ, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ имсол тибқи дурнамо, дар майдони 186 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли сипаригардида кишоварзони мамлакат дурнамои муайянгардидаро пурра иҷро карда натавонистанд ва дар майдони 181 ҳазору 542 гектар чигит кишт намуданд.

Соли 2021 дар мамлакат 405 ҳазору 911 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд, ки ҳосили миёна аз ҳар гектар 23,3-сентнериро ташкил дод. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳури 404 ҳазору 655 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардид.

Бояд гуфт, ки нархи пахта соли сипаригардида дар бозори ҷаҳонӣ 30 фоиз боло рафт. Ба иттилои коршиносон, ҳоло ин нишондиҳанда ҳадди ақал дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.

Омили баланд гардидани нархи пахтаро ба гармии ғайримуқаррарӣ рабт доданд. Зеро гармои бесобиқа ҳосили дар кишварҳои истеҳсолкунандаи пахта, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин ва ИМА рӯёнидаро ба ҳисоби миёна 30 фоиз коҳиш дод.

Бояд гуфт, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.

Ба андешаи олимон, пахта маҳсулотест, ки назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар оварад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ду намуди он — пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Ба гуфти коршиносон, дар сурати дуруст коркард кардану ба фурӯш баровардани пахта аҳамияти он зиёдтар мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2023 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад