КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Дар Пекин бахшида ба конфронси Ню-Йорк брифинг баргузор гардид

Февраль 11, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикор ва ҳамкории сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Дафтари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Чин бахшида ба татбиқи ҳадафҳои баъдии Конфронси оби СММ 8 феврал  нишасти хабарии муштарак баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишасти хабарӣ оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022 ш.Душанбе), ҳамзамон дар бораи чораҳои тадорукотии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин дар бораи қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд ва 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумот дода шуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ ҷаласаи алоҳидаи панелӣ дар сатҳи коршиносони соҳавӣ баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он оид ба аҳамияти Конфронси моҳи марти соли 2023 Ню-Йорк, таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳон, тағирёбии иқлим мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 намоянда аз зумраи роҳбарияти сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Чин ва инчунин воситаҳои ахбори омма, дар шакли ҳузуриву маҷозӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд