«Корвони ватандӯстонаи табибон» аз қисми низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии шаҳри Ҳисор боздид намуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи солгарди 30-юми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави шиори «Ватандӯстӣ ва рушд» намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор «Корвони ватандӯстонаи табибон» ташкил намуда, аз қисми низомии Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, мустақар дар шаҳри Ҳисор боздид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва кормандони Маркази саломатии шаҳрӣ дар саҳни ҳавлии қисми низомӣ бо аскарон суҳбат оростанд. Ба сарбозон сабадҳои пур аз анвои хӯрданӣ, нону кулча, кулчақанду шириниҳо, мева ва дигар маҳсулот тақдим карда шуданд.
Сардори қисми ҳарбӣ аз кумакҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуда, ба онҳо барои мусоидат дар дастрас намудани таҷҳизоти обгармкунӣ дар нуқтаҳои шустушӯйи сарбозон, муҷаҳҳазгардонии қисми навбатдорӣ бо воситаҳои зарурӣ арзи сипос намуд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз хобгоҳу ошхона ва дигар шароиту имконияти қисми низомӣ дидан карда, шароити будубоши аскаронро хуб арзёбӣ намуданд
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






