ЛОИҲАИ «МИЛЛАТИ СОЛИМ». Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия карда шудааст. Ҳадафи он баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи амалишавии лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озим Севимли баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии он дар мамлакат якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.
Ҳамзамон дар толори Маҷлиси намояндагон рӯнамоии лоиҳаи «Миллати солим» дар Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардида, иброз дошта шуд, ки ҳоло лоиҳаи нави «Таҷрибаи глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ» – лоиҳаи «Миллати солим» дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад.
Ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии ёрии аввалини тиббию санитарӣ дар минтақаҳои интихобшуда ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ мебошад.
Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






