Маҳмадтоир Зокирзода дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Номбурда иброз дошт, ки имрӯз дар чаҳорчӯби вохӯриҳои машваратӣ дар сатҳи сарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ муколамаи мунтазам ва созанда ба роҳ монда шудааст. Форуми нахустини байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа, барои истифодаи минбаъдаи иқтидори «дипломатияи парлумонӣ ва мардумӣ»-и кишварҳои минтақа бо мақсади мусоидат ба тавсеа ва таҳкими робитаҳои минтақавии байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо мусоидат хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки чунин таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ тамоюли босуръати афзоиш доранд. Равандҳои манфии таҳдидҳои афзояндаи амнияти ҷаҳонӣ Осиёи Марказиро низ дар канор намегузоранд. Хавфи таъсири идеологияи ифротгароии радикалии динӣ ба суботи минтақа ҳамчунон зиёд аст. Бо назардошти ин омилҳо мусоидати ҳамаҷонибаи сохторҳои парлумонӣ ба муқовимати муштараки самарабахши давлатҳоямон ба ин таҳдидҳои амниятӣ вазифаи ҳамарӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯз фаъолияти муштараки мо барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз пеш муҳим мебошад. Дар ин замина парлумонҳои мо метавонанд ба вусъати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳри рушди устувори муштарак мебошад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад






