Омӯзгори шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи Фаронса сазовори ҷойи аввал гардид

Февраль 22, 2023 11:54

ДУШАНБЕ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалии Фаронса сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Олимпиадаи мазкур 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 нафар омӯзгорони беҳтарини Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муродулло Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардида буд, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардида буд. Дар он 1328 нафар омӯзгорони Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидани соҳаи маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.

Ҳамин аст, ки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои мамлакат пайваста ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯ оварда, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои хуб нишон дода истодаанд.

Танҳо соли 2022 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 1585 медал шуданд. Аз ҷумла, хонандагони мамлакат 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» оғоз гардид
Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон робитаи мустақими академӣ ба роҳ мемонад
Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Asian Championship» соҳиби медали тилло шуд
Ҳусейн Ализода ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» гардид
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ конфронс баргузор шуд
Намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд
Кормандони соҳаи маориф дар Остона оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ таҷриба омӯхтанд
Дар Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бинои муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Фархор бинои иловагии муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Ба ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд