НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2023». Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва иштирок карда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин ва дигарон иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ, инчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Абдулакимов», ҶДММ «Субҳи ватан», ҶДММ «Ҳариф» ва ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон», ки ба коркард ва истеҳсоли меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, муҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна намоишгҳо- муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.
Дар доираи намоишгоҳ аъзои Палата бо роҳбарони якчанд ширкат ва марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯрӣ намуданд.
Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва 10 феврал анҷом меёбад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






