Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи «LET Aircraft Indusries» ва ширкатҳои содиротии Чехия боздид карданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи «LET Aircraft Industries»-и Чехия боздид намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, ҳадафи сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG, баррасии масъалаҳои омодасозии мутахассисони техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ мебошад.
Намояндагони ширкати «Сомон Эйр» ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои содиротии «Czech Export Agency» ва Корпоратсияи «Export Guarantee & Insurance» оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом доданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар Душанбе ҳавопаймои L410 –и истеҳсоли Чехия муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад. Ҳавопаймо хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифодаро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳавопаймои L-410 охири солҳои 1960 тарҳрезӣ шуда, тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон барои эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






