Намояндагони Тоҷикистон дар Теҳрон дар нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои интиқоли хун дар кишварҳои минтақа иштирок карданд

Февраль 18, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14-16 феврал дар шаҳри Теҳрон бо ибтикори Маркази минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои захира ва интиқоли хун дар кишварҳои минтақа баргузор гардид,  ки дар он  намояндагони Тоҷикистон- директорони филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Иштирокдорони нишаст роҳҳои табодули таҷриба дар соҳаи захираву гузаронидани хун ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самти муҳимми таъмини тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нишасти мазкур бо қабули санади ниҳоӣ ба анҷом расид, ки дар он зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи хун ва хунгузаронӣ бо мусоидати фаннӣ ва омӯзишии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон

Февраль 18, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад