НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 69 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 42 донишгоҳу донишкадаи давлатҳои хориҷи дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст. Чунин иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкада Муҳриддин Низомӣ.
Дар нишасти хабарӣ иброз гардид, ки дар айни замон дар донишкадаи мазкур 69 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Донишкадаи санъати Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Словакия ҳамкории зич ба роҳ монда, ба воситаи табодули таҷриба мутахассисони самти фарҳангро омода менамояд»,-гуфт Ректори Донишкада.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки аз ҷумла моҳи майи соли 2022 як қатор донишҷӯёну хатмкунандагони донишкада дар доираи созишномаи ҳамкорӣ барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой имтиҳон супориданд. Дар натиҷа 8 нафар донишҷӯ тариқи буҷетӣ қабул гардиданд, ки аз байни онҳо 2 нафар магистр ва 6 нафар бакалавр мебошанд.
«Соли гузашта 72 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки ба унвони донишкада 98 адад диплому сипоснома ворид гашт»,- гуфта шуд дар нишаст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаришуда як қатор дарсҳои «Устод ва шогирд» бо иштироки олимону ҳунармандони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Беларус баргузор гардида, инчунин 4 нафар омӯзгорони донишкада аз курси такмили ихтисоси хориҷӣ гузаштанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






