НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 31 фоиз зиёд шуда, воридот 69 фисад коҳиш ёфтааст

Февраль 15, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ  соли 2022 дар Тоҷикистон тамоюли афзоянда дошта, 7512,2  млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 25,1 фоиз зиёд аст. Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқӣ Завқизода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ то 31 фоиз зиёд шуда, воридот то 69 фисад коҳиш ёфтааст.  

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои воридотивазкунӣ соли 2022 воридоти гандум 32,6 ҳазор тонна, равғани растанӣ 16,4 ҳазор тонна, сабзавот ва баъзе бехмеваҳо 11,9 ҳазор тонна, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,9 ҳазор тонна, маҳсулоти макаронӣ 4 ҳазор тонна ва маҳсулот аз сангу гулгаҷ 112 ҳазор тонна, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 6,8 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки соли сипаригардида дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ 487 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 4052 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 42 992,6 млн сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 15,4 фоизро ташкил дод.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид