НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта наздик ба 1 миллион нафар сайёҳон ба тамошои Тоҷикистон омадаанд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 999,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода хабар дод.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 4 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаҳои мазкур ин «Рушди сайёҳӣ» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари ИМА, «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 15 миллиону 750 ҳазордоллари ИМА, «Баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва саноати бофандагӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ» аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 750 ҳазор доллари ИМА ва ду лоиҳаи хурд аз ҷониби Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазор Евро мебошанд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат фаъолият мекунанд.
«Соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли охир 600 адад иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудан», — гуфта шуд дар нишаст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






