НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қурби пули миллӣ устувор боқӣ мондааст

Февраль 15, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз устувор мондани қурби расмии пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллари америкоӣ дар соли гузашта иттилоъ дод.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли 2022 сиёсати қурбиро тибқи реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод. Мавсуф афзуд, ки дар ин давра қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари америкоӣ ба андозаи 9,7 фоиз (аз 11,3000 сомонӣ дар моҳи декабри соли 2021 то ба 10,2024 сомонӣ дар декабри соли 2022) устувор гардид.

Давоми соли гузашта қурби пули миллӣ дар маҷмӯъ дар сатҳи муътадил қарор дошта, нисбат ба асъори озод табдилшаванда ва шарикони савдо, аз ҷумла нисбат ба лираи Туркия ба андозаи 36,5%, рубли Беларус- 31,2%, тангаи Қазоқистон- 16,7%, юани Чин- 15,9%, Евро- 14,9%, сӯми Узбекистон- 12,9%, соми Қирғизистон- 10,7%, доллари Америка- 9,7% ва рубли русӣ- 4,1% устувор гардид, афзуд Хоким Холиқзода.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт равона намудааст.

Такид гардид, ки соли гузашта сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,2 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 4,0 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9 фоиз ба амал омад.

Болоравии нисбии сатҳи нархи молу маҳсулот дар ҷумҳурӣ асосан моҳҳои март-майи соли 2022 (3,1 фоиз) дар натиҷаи мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва молиявию тиҷоратӣ дар ҷаҳон, инчунин ҷорӣ гардидани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат ба давлати шарики асосии тиҷоратӣ ба назар расид.

Инчунин соли гузашта 103 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,6 млрд сомонӣ баргузор карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 21,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 0,7 миллиард сомониро ташкил менамояд. Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аз 1 ноябри соли 2022 ба андозаи 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Бо дахли низоми бонкии мамлакат Ҳоким Холиқзода афзуд, ки дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Шумораи умумии воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ дар интиҳои соли гузашта 1 862 ададро ташкил намуд, ки дар қиёс ба соли 2021 ҳафт адад зиёд гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1245 то 0.1250 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад
Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст