«ҶОМИ РУШД-2023». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) сазовори медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби калон- 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро ба дарвозаи ҳариф Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров заданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст карда, бозиро бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ намуда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.
Бозӣ барои ҷойи сеюм
ТОҶИКИСТОН (U-17) – Русия (U-16) – 3:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 42 (1:0). Ориёнмеҳри Нуриддин, 72 (2:0). Масрур Ғафуров, 79 (3:0).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикисон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






