Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли мо бемайлон тараққӣ карда, Ватани маҳбубамон сол ба сол ободу зебо ва некӯаҳволии халқамон беҳтар шуда истодааст.
Ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин гардида истодааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як гурӯҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси навбатӣ ва навбатии ҳарбӣ ба як гурӯҳ хизматчиён низомӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, хизмати бархе аз хизматчиёни низомӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат” ва як гурӯҳ афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо медали “Хизмати шоиста”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарон, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои мамлакатро бо санаи муҳими таърихӣ- 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.
Дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд






