ПОНЗДАҲ СОЛ ДАР ФАЗО. Аз оғози фаъолияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 15 сол сипарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози фаъолияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 15 сол сипарӣ гардид. 5 феврали соли 2008 ҳавопаймои ширкат – Боинг 737-800 бори нахуст бо хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе парвози мустақим иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ин ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд.
Ҳоло ширкати ҳавопаймоӣ ба зиёда аз 25 самт, аз ҷумла Мюнхен, Дубай, Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Тошканд, Алмато, Урумчӣ ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
Давоми солҳои сипаришуда ширкати ҳавопаймоӣ ба дастовардҳои зиёд- аз роҳандозии хатсайрҳои нав то шомил шудан ба ҳайати Ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ ноил гардидааст. Ширкати «Сомон Эйр» узви IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) буда, тасдиқномаи Агентии Аврупо оид ба бехатарии авиатсионӣ (EASA) ва шаҳодатномаи иҷозаи иҷрои парвозҳоро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо соҳиб гардидааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба стандартҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ буда, борҳо аз аудити IOSA (аудити бехатарии амалиётии IATA) гузашта, бо мукофоти корпоратсияи «Боинг», инчунин ҷоизаи «Бренди сол» қадрдонӣ шудааст.
Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев зимни табрики ҳайати кормандон бо солгарди фаъолият иброз дошт, ки «мо бо дастовардҳо ва касбияти кормандони худ ифтихор дорем. Ҳамеша саъй хоҳем кард, ки мавқеи худро ба ҳайси ширкати ҳавопаймоии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бозори парвозҳои ҳавоӣ боз ҳам мустаҳкам намоем. Мо аз мусофирон ва шарикон барои эътимодашон сипосгузорем ва албатта, барои ҷорӣ кардани намудҳои нави хизматрасонӣ ба мусофирон ва воридсозии технологияҳои нав пайваста кӯшиш менамоем».
Ёдовар мешавем, ки Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон аз 6 ҳавопаймои Боинг – 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
Тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, харидории ҳавопаймоҳои нави бароҳат, инчунин рушди парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ аз тасмимҳои наздиктарини ширкати ҳавопаймоӣ мебошанд.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






