Пораи сафедаи қабати коронавирусро ба доруи табобатии COVID-19 табдил доданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Биологҳои молекулавӣ аз Америка ва Финляндия муайян карданд, ки як қисми S-сафеда аз қабати коронавирус метавонад ҳамчун воситаи безараргардонии зарраҳои SARS-CoV-2 ва фишурдани COVID-19 истифода шавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 18 феврал хадамоти матбуоти Ҷамъияти Байналмилалии Биофизикӣ (BS) хабар дод.
Коронавирус SARS-CoV-2 ба ҳуҷайраҳои одамон ва дигар ҳайвоноти ширхорон бо истифодаи молекулаҳои сафедаи ACE2, ки намудҳои алоҳидаи ҳуҷайраҳои алвеолро дар шуш ва дигар узвҳои бадан фаро мегиранд, ворид мешавад. Нақши калидиро дар ин раванд аз ҷониби S-сафеда афзоиши дандонашакл дар рӯи мембранаи вирус бозӣ мекунад. Аксар ваксинаҳои мавҷуда ба ин қисми муайяни беморӣ (патоген) ҳамла мекунанд.
Таҷрибаҳои аз тарафи олимон гузаронидашуда нишон доданд, ки ин молекула, ки HR2 42 ном дорад, тақрибан ба тамоми штаммҳои маълуми коронавирус, аз ҷумла омикрон таъсири баробар дорад. Ин дурнамои истифодаи HR2 42-ро ҳамчун асос барои доруҳои нави баландсифати COVID-19 нишон медиҳад, хулоса карданд профессор Брунгер ва ҳамкоронаш.
Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






