Прокурори генералӣ: «Нисбат ба 232 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд»

Февраль 17, 2023 10:56

ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардида аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 232 нафар шахсони мансабдор, пеш аз ҳама, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои идораи замин, роҳбарони корхонаҳои бақайдгирии давлатӣ ва заминсозии ҷамоатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади баргардонидани зарари моддии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ба онҳо расонида мешавад, Прокуратураи генералӣ тасмим гирифтааст, ки аз рӯи ҳар ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, нисбат ба шахсони мансабдор аризаи даъвогӣ омода ва ба суд ирсол намояд.

Тамоми зараре, ки ба шаҳрвандон расонида мешавад, аз ҳисоби ҳамин шахсони мансабдор рӯёнида мешавад. Аллакай ин таҷриба дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шуда, аз тарафи судҳо чунин аризаҳои даъвогӣ баррасӣ мегарданд.

Иброз гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунвайронкуниҳо оид ба замин бештар дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Кӯшониён, Шаҳритӯс, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба қайд гирифта шудаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад