РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Кейптаун Конфронси «Дигаргунсозии оянда барои амнияти об» баргузор гардид

Февраль 23, 2023 19:55

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муколамаҳои бисёрҷониба байни доираҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, академӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ташкили иттиҳод ва татбиқи амалҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда дар доираи чорабинӣ дар Кейптаун (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни муколамаҳо 6-7 вазифа пешниҳод карда шуд, ки якчанд  ҳадафҳои тағйирёбандаро барои амалҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба бехатарии об муқаррар мекунанд. Чорабинӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об бахшида шудааст, ки 22-24 марти соли равон  дар Ню Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад.

Дар ифтитоҳи ҷаласаи умумӣ намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал,  узви гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои обии соли 2023 Саноӣ Бойзода суханронӣ намуда, ба иштирокчиён ҷиҳати корҳои анҷомдода дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об маълумот дод.

Лайло ТОИРӢ,
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: котиботи Конфронси СММ оид ба захираҳои обии Тоҷикистон дар соли 2023

Февраль 23, 2023 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд