Роҳбарияти вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз қисми ҳарбӣ дидан намуд

Февраль 22, 2023 09:39

ҲАМАДОНӢ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи будубоши хизматчиёни қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳбарияти вилоят аз пойгоҳи моддӣ–техникии ҳарбӣ, вазъи ҳолати техникӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити қисми низомӣ дидан кард. Масъулин дар бораи омодабошии қисми ҳарбӣ ва мавҷудияти пойгоҳи моддию техникии қисми ҳарбӣ ба тариқи амалӣ намоиш пешниҳод намуданд.

Дар вохӯрӣ бо афсарону аскарони қисми низомӣ иброз гардид, ки аз оғози таърих миллати тамаддунсози тоҷик соҳиби артиши худ буда, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва дифоъ аз ҳуҷуми аҷнабиён қаҳрамониҳои бемисл нишон додааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун сипари боэътимоди давлат таҳкимбахши истиқлоли миллӣ, муҳофизи ваҳдати саросарии мардум, ҳимоятгари марзу буми мамлакат, кафили амнияту суботи меҳан буда, дар ин муддат рисолати бузурги худро дар назди халқу Ватан иҷро менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 22, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд