Робитаҳои байналмилалии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тақвият меёбанд

Февраль 2, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ду нафар кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 12-уми конфронси тарафҳои комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо дар бораи таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуданд. Чунин иброз дошт Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Мавсуф афзуд, ки робитаҳои байналмилалии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тайи солҳои тӯлонӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пешрафта, аз ҷумла бо Олмон хуб ба роҳ монда шудаанд.

«Мо даврҳои омӯзишиеро, ки барои баланд бардоштани малакаи кормандони Хадамот гузаронида мешуданд, бинобар сабаби пандемия ба тариқи онлайнӣ гузаронидем», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон мавсуф тазаккур дод, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як омӯзиши васеъ бо иштироки ҳашт давлат оид ба бехатарии саноатӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои гуногун вобаста ба самти кӯҳкориву саноатӣ баррасӣ шуданд.

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ солҳои минбаъда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то барои ривоҷ додани муносибатҳои байналмилалӣ ва омӯзиши кормандон бо давлатҳои ҳамсоя ва хориҷи мамлакат робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир мешавад
Дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсулоти ватанӣ муаррифӣ мегардад
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад
Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кишти чигит оғоз гардид
Кишоварзони Тоҷикистон имсол дар 26 936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш менамоянд
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Дар доираи ин фестивал имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим дар Наврӯз аз оғози кишту кори баҳорӣ башорат медод
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷомеаи ҷаҳон аз Конфронси оби СММ-2023 интизориҳои зиёд дорад
Дар ноҳияи Шаҳринав намоиши техникаи кишоварзӣ гузаронида шуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом кишти чигит оғоз ёфт
Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзро чун арзиши олии башарӣ таҷлил намуданд