«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Конференсияи IX илмӣ-ҷумҳуриявӣ доир карда шуд

Февраль 25, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, занону духтарони олиму ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва Варзоб Конференсияи IX илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»-ро доир намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Конференсияи имсола дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илмҳои дақиқ” доир гардида, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд.

Матлубахон Сатториён ташаббусу иқдом ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба дастгирии занону бонувони мамлакатро таъкид намуда, баён дошт, ки “дастгирии мавқеи иҷтимоии занон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои занону бонувони олим ва ихтироъкор дар партави сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ фазои васеи фаъолияти илмиву эҷодӣ муҳайё гардидааст”.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз дошт, ки “сол то сол теъдоди олимзанҳои тоҷик ҳамчун қишри варзидаи зиёиён боло меравад. Дар айни замон дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди академикҳо аз ҳисоби занон 11 нафар, профессорон 130 нафар, докторони илм 104 нафар, номзадони илм 1124 ва дотсентон 390 нафарро ташкил медиҳад. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 24 нафар доктори илм, 101 нафар номзади илм, 40 нафар доктори PHD ва 270 нафар магистрон аз ҳисоби занону бонувон мебошанд”.


Шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон дар 5 соли охир ба 210 нафар расида, соли 2022 аз 61 нафар занони ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло ва 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои пажӯҳандагони ҷавон, аспирантону магистрон заминаҳои нави илмӣ муҳайё намуда, шумораи бештари ҷавондухтаронро ба анҷом додани корҳои илмӣ ҳидоят менамояд.

Олимону ихтироъкорон корҳои анҷомдодаи илмии худро рӯнамоӣ намуда, ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.

Кори конференсия бо тақдими Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд