САДА ҶАШНИ МЕҲР АСТ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин иди ниёгони тоҷикон бо шукӯҳ таҷлил гардид

Февраль 5, 2023 09:02

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯён ин ҷашни таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмонони чорабинӣ аз намоиши дастархони идона, тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуданд.

Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ зикр намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид.

«Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд», — гуфт ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.

Дар идомаи чорабинӣ устодону донишҷӯён дар робита ба сарчашмаҳои таърихии ҷашни Сада суханронӣ ва порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Ҳамзамон ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангиро манзурӣ ҳозирин гардонид.

Ёдовар мешавем, ки Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳамасола мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ ҷашн мегирад.

Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир мерасад. Иди мазкур панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда медиҳад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 5, 2023 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст