САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН. Тибқи он Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рисолати фарзандиву ҷавонмардии худро иҷро намуда истодаанд

Февраль 23, 2023 08:17

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хушбахтона, хизматчиёни баору нанги мамлакат аз замони аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз сарбаландона бо савганди садоқат ба халқу Ватан рисолати фарзандиву ҷавонмардии худро ба иҷро расонида, дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷони худро дареғ намедоранд. Чунин ибрози назар намудааст комиссари ҳарбии шаҳри Бӯстон, полковник Далер Солеҳзода дар мақолаи хеш бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

-23 феврали соли 2023 ба таъсиси ниҳоди пуршарафу пуриқтидор — Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар ҳақиқат Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имрӯз ба неруи пуриқтидори ҳимоятгари воқеии марзҳои муқаддаси Ватан, кафили сулҳу суботи комили ҷомеа, ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат ва мактаби бузурги тарбияи насли ватандӯсту хештаншинос табдил ёфтааст. Барои расидан ба ин рӯзи хуҷаставу муқаддас ва пуриқтидору тавонманд гардидани Артиши миллии мамлакат нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе арзишманд ва калидӣ маҳсуб мешавад.

Агар ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ назар афканем, маълум мегардад, ки пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Сарфи назар аз душвориҳои зиёди мавҷуда, вазъи ноустувори амниятиву мудофиавии ҷумҳурӣ ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳидоят ва хиради азалии родмарди шуҷоъ ва сарсупурдаи миллат, фарзанди фарзонаи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Артиши миллии мо бе заминаҳои моддиву техникӣ, инфрасохтори заруриву кадрҳои соҳибихтисос аз сифр замина гузошта шуд. Аввалин гузашти низомии Артиши миллӣ дар мамлакат 23 феврали соли 1993 доир шуд ва шурӯъ аз ҳамон сол 23 феврал ҳамасола дар мамлакат Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Корнамоиву ҷоннисориҳои ҳар хизматчии баору нанги Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба бовариву эътимоди роҳбарияти олии мамлакат сазовор гардида, дар ин раванд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид медоранд, ки «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар мамлакат саҳми воқеан таърихӣ гузошт».

Тӯли 30 соли мавҷудият Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пуршарафу пурмашаққатро сипарӣ намуда, имрӯз ба ниҳоди пуриқтидору муҳофизатгари воқеии марзу буми Ватан табдил ёфтааст. Хушбахтона, мардуми шарифи мамлакат ба хизматчиёни баору нанги Артиши миллӣ бо чашми пурмеҳру қалби саршор аз ифтихору муҳаббати самимӣ назар меафкананд. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи мо ба неруи пуриқтидору муҳофизи воқеии марзу бум ва кафили амнияту суботи ҷомеа мубаддал гардидааст.

Бо такя ба эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи ҷумҳурӣ мо, хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда медиҳем, ки то охирин нафас ба Президент ва халқу Ватани худ содиқ мемонем ва ватани азизу муқаддасамонро мардонавор ҳимоя мекунем.

Далер СОЛЕҲЗОДА,
Комиссари ҳарбии
шаҳри Бӯстон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2023 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд