ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 78 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 октябр иҷрои нақша дар Тоҷикистон 78 фоизро дар бар гирифта, қариб 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре қаблан хабар додем, шуруъ аз 1 октябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ муташаккилона идома дорад.
Дар ин радиф бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзи нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар вилояти Хатлон аст, ки дар 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд. Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин тартиб, нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват дар ноҳияи Айнӣ нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намуданд.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳамарӯза ҷавонони пойтахт низ чун дигар сокинони сарбаланду шарафманди мамлакат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, барои хизмат ба халқу Ватан дар сафи Артиши миллӣ изҳори омодагӣ менамоянд. Ин аст, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз баробар гардидааст.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






