Шаҳри Кӯлоб Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод гардидааст

Февраль 15, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО пешниҳод гардидааст. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Душанбе баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Ба иттилои намояндаи ин созмон, пешниҳоди мазкур моҳи май-июни соли равон дар ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, омода кардани парвандаҳои номинатсияи ёдгориҳои таърихии тоҷик ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, 15 — 16 феврал дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносон ва намояндаи Созмони ИСЕСКО, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ барои кормандони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ баргузор мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд