Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд

Февраль 22, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар Тоҷикистон 41 ҳолати фаромадани тарма ва як ҳолати фаромадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди роҳҳои маҳаллии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 38 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки бар асари гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва боридани барфи зиёд фаромадани тарма идома дорад. Роҳҳо дар ҷумҳурӣ муваққатан баста шудаанд.

21 феврал, тахминан соати 10:22-и вақти маҳаллӣ дар километри 426-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, дар наздикии шаҳраки Бедараи Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Бо ёрии техникаи махсуси Хадамоти роҳсозии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ соати 17:05 роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Инчунин тақрибан соати 16:30-и ҳамин рӯз дар километри 352-юми ин роҳ дар ҳудуди деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз сел фаромад ва роҳ баста шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 22, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад