Соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети Тоҷикистон беш аз 15,3 миллиард сомонӣ ворид гардид

Февраль 16, 2023 15:16

ДУШАНБЕ,16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти андози Тоҷикистон соли 2022 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ беш аз 15,3 миллиард сомонӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 миллион сомонӣ ва нисбат ба нақшаи аниқшуда, бо назардошти дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ 537 миллион сомонӣ зиёд аст.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки бо андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти андоз маблағи бақияпулиҳои андозӣ давра ба давра кам мегардад.

«Мақомоти андози ҷумҳурӣ барои таъмини иҷрои пурра ва барзиёди нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» вобаста ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз, тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ва густариши раванди рақамикунонӣ тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешидааст», — тазаккур дод ў.

Номбурда иттилоъ дод, ки бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 январи соли равон дар маҷмӯъ 728 миллион сомонӣ кам мебошад.Гуфта шуд, ки бақияпулиҳои андозӣ ба 4,7 фоизи ҳаҷми умумии андозҳои ба буҷет воридшуда баробар гардида, нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2021 –ум 1,2 банди фоизи коҳиш ёфтааст.

Таъкид гардид, ки барои дар сатҳи муосир ташкил намудани хизматрасониҳо, ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, соли гузашта шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд, 6,5 ҳазор адад зиёд карда шуда, айни замон 155 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро ба мақомоти андоз ба электронӣ пешниҳод намуда истодаанд ва барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид