Соли 2022 ба буҷети вилояти Хатлон зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд

Февраль 1, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Хатлон бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёт иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи талаботи  умумӣ ба андозаи 102.6 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103.2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1708.8 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 52.7 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2021 175.7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Аз рӯи сифатнокӣ дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди андозҳо дар сатҳи вилоят таъмин ва то 1 январи соли 2023 пардохти бақияпулии қарзи андозҳо дар маҷмӯъ 168.2 милион сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба аввали соли 2022 14.6 миллион сомонӣ кам гардидааст.

Дар робита ба иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 таъмини иҷрои нақшаи андози мазкур ба 109 фоиз баробар гардида, ҳаҷми маблағи воридшуда бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ 446.5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 39.2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АКС: Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Февраль 1, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд