Соли 2022 ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ хизмати коммуналӣ расонида шуд

Февраль 5, 2023 12:09

ДУШАНБЕ, 05.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ба истифодабарандагон ба маблағи 202 миллиону 427,2 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 5 миллиону 800,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Чунин иброз намуд Директори  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Усмон Давлатзода 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ки соли сипаришуда ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 51 миллиону 128 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 100,2 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.

Инчунин таъкид карда шуд, ки маблағи хизматрасонии корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар соли 2022 85 миллиону 419,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2021 3 миллиону 195 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 103,9 фоизро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2023 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад