Соли 2022 барои таҷдиду барқарорсозии 42 иншооти оби нӯшокӣ беш аз 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд

Февраль 3, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Усмон Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2022 барои таҷдиду барқарорсозии 42 иншооти оби нӯшокӣ, рафъи обҳои партов (канализатсия) ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

«Аз маблағҳои мазкур барои сохтмону барқарорсозии иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти вилояти Хатлон 8 млн 12 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд- 2 млн 659 ҳазор сомонӣ, ВМКБ- 1 млн 380 ҳазор сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 270 ҳазор сомонӣ равона карда шуд. Дар ин давра 12 иншоот ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд»,-иброз дошт номбурда.

Гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2022 ба истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 54 миллиону 882,7 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас намуда, 21 млн 770,3 ҳазор метри мукааб партовобҳоро баровардааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид