Соли 2022 дар шаҳри Хоруғ 37 иншооти хурду миёна мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хоруғ 37 иншооти хурду миёна мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин хусус 24 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба иттилои ӯ, дар айни ҳол дар 98 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, барои назорати корҳои сохтмонӣ ситоди доимамалкунанда таъсис дода шудааст.
Таъкид гардид, ки соли 2022 дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 166 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуд.
Ҳамзамон як қисмати бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 7 аз берун ва дохил таъмир гардида, сохтмони бинои дуюми он идома дорад.
Бояд гуфт, ки соли 2023 сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 4 ва 6-и шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






