Тоҷикистон ба мардуми Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад

Февраль 17, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матуботии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Кумаки башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳад буд.

«Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст. Бояд гуфт, ки мо ба Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона расонидем ва 50 нафар наҷотдиҳандагон низ ба ин давлат фиристода шуданд. Соли гузашта Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки аз обхезӣ зарар дид, кумаки башардӯстона расонида буд», — иттилоъ доданд дар вазорат.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд