Тоҷикистон ба Туркия кумаки аввалияи башардӯстона мерасонад

Февраль 7, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Тоҷикистон нақша дорад ба Туркия кумаки аввалияи башардӯстона расонад. Ин нукта 7 феврал дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи хешро бино бар заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвари дӯсти Туркия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, ба он ҷониб расонид.

Дар мулоқот омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, ҳоло аз ҷониби мақомоти расмии Туркия оид ба ҳалок ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин заминларза маълумот ворид нашудааст.

Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудаанд.

Телефонҳо барои тамос:

Сафорати Тоҷикистон дар Анқара:

+ 90 312 491 16 07; + 90 538 594 32 10 WhatsApp.

Консулгарии генералӣ дар Истанбул:

+ 90 212 426 50 54; + 90 536 446 17 71 WhatsApp.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд