Тоҷикистон ва Нидерланд дар Женева мубоҳисаи панелӣ оид ба об, иқтисод ва тиҷорат баргузор намуданд

Февраль 7, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар шаҳри Женева бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия мубоҳисаи «Об, иқтисод ва тиҷорат: таҳқиқи уҳдадориҳо барои Конфронси оби СММ-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш барои муҳокимаи ҷанбаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии об, инчунин муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об замина фароҳам овард.

Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти масъалаи обро дар соҳаи амнияту иқтисодиёт таъкид карда, намояндагони кишварҳои аъзоро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд.

Ҳамзамон муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иброз гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд